Бар пирии навҷавон биё, гиря кунем
Лоиқ Шералӣ
Бар пирии навҷавон биё, гиря кунем,
Бар кӯрии ошиқон биё, гиря кунем.
Бар мотами мурдагон чӣ суд аз гиря?
Бар ғуссаи зиндагон биё, гиря кунем.
- Жанр
- Рубоӣ
- Сол
- 1972 (тахминӣ)
Нашрҳо
- 1972Соҳилҳо · № 94 дар «Куллиёти ашъор»
- 2001Куллиёти ашъорсаҳ. 653
- 2009Ангораҳосаҳ. 116
- 2011Девони замонсаҳ. 268