Ман кӯи муроди ҷумла раҳдуронам.
Лоиқ Шералӣ
Ман кӯи муроди ҷумла раҳдуронам.
Дар кӯрараҳон асокаши кӯронам.
Ҳар гоҳ ба хок мурдае биспоранд,
Ман дар дили хештан варо гӯронам.
- Жанр
- Рубоӣ
- Сол
- 1972 (тахминӣ)
Нашрҳо
- 1972Соҳилҳо · № 92 дар «Куллиёти ашъор»
- 2001Куллиёти ашъорсаҳ. 652
- 2011Девони замонсаҳ. 268