Бепару болам, вале парвозҳое кардаам

Лоиқ Шералӣ

Бепару болам, вале парвозҳое кардаам,

Бо камоли оҷизӣ эъҷозҳое кардаам.

Гар садои ман зи кӯтоҳӣ ба гардун барнахӯрд,

Сӯи гардун гоҳ-гоҳ овозҳое кардаам.

Паст будам пеши қадраш, лек бо шеъри баланд

Пеши пои ёр пойандозҳое кардаам.

Нозҳое кард агар ӯ, розҳое кардаам.

Гар ҷамолаш нест андар зиндагии якнавохт,

Ҳусни ӯро дар сухан пардозҳое кардаам.

Ошиқию шоирӣ ду боли як паррандаанд,

Сӯзҳое кардаам, то созҳое кардаам.

Рӯдборонем гар чун мавҷ пайвастем мо,

Ҳушёронем гар дар базми дил мастем мо.

Пеш аз мо будаанду баъди мо бошанд низ,

Лек ҳоло соҳиби кавну макон ҳастем мо.

То фалак озод дар ишқу умеду орзу,

Дар замин чун кӯҳҳои пир побастем мо.

Гар баландем, осмон ҳам мешавад бо мо баланд,

Паст бинмояд замин, ҳар ҷо агар пастем мо.

Фарк нагзорем агар мобайни ҳам бар ину он,

Дар амал чун панҷ ангуштони як дастем мо.

Жанр
Ғазал

Нашрҳо

Монандҳо

Шарҳҳо