Бесаводам аз савод омӯхтан

Лоиқ Шералӣ

Бесаводам аз савод омӯхтан,

Бефурӯғам аз ҷаҳон афрӯхтан.

Гумраҳам дар “шоҳроҳи ленинӣ”,

Муфлисам аз ганҷи дунё тӯхтан.

Рост машмар пухтагиҳои маро,

Хомсӯзам аз паёпай сӯхтан.

Аз ҷигардорӣ шудам хунинҷигар,

Синачок аз чоки дилҳо дӯхтан.

Пургуноҳам аз гуноҳи дигарон,

Пурвуболам аз савоб андӯхтан.

Аждаҳои зард рӯйи ганҷи мост,

Ҳотамам аз ҳеҷ чиз андӯхтан.

Бо ҳама ин каҷҳисобиҳои давр

Сармадам аз хешро нафрӯхтан...

1991

Жанр
Ғазал
Сол
1991 (тахминӣ)

Нашрҳо

Монандҳо

Шарҳҳо