Нест осон бурдани бори сухан

Лоиқ Шералӣ

Барои Бозор Собир

Нест осон бурдани бори сухан,

Сода набвад ин ҳама кори сухан.

Аз гули хору зи хори гул маро

Кардӣ мафтуни гулу хори сухан.

Аз хасе дарёфтӣ бӯи касе,

Аз пари коҳе – пару боли сухан.

Эй бас озори сухан ҳам дидаӣ,

То биёбӣ сирри осори сухан.

Қадри шеър афзуд чун нарху наво

Аз туфайли ту ба бозори сухан.

Мову ту дар шоирӣ ҷон медиҳем

Оқибат дар кунҷи девори сухан.

1980

Жанр
Ғазал
Сол
1980 (тахминӣ)

Нашрҳо

Эзоҳот

  1. Манзур Устод Рӯдакист.

Монандҳо

Шарҳҳо