Бо шумо гоҳ ҳамнишин будам
Лоиқ Шералӣ
Бо шумо гоҳ ҳамнишин будам,
Бо шумо низ бода х(в)ардам ман,
Нонатонро агар наяфзудам,
Номатонро баланд кардам ман.
Шоҳасар
Аз тамоми навиштаҳои башар,
Ки нависандааш худодод аст,
Беҳтарин сафҳае, ки ман хондам,
Сафҳаи рӯи одамизод аст.
Роҳи умр
Гаҳ дар ғами ҷон, гаҳ дар ғами нон,
Доғ аз паи доғ, зарб аз паи зарб.
Гоҳ аз паи ин, гоҳ аз паи он –
Яъне ҳамеша ҳарб аз паи ҳарб...
Гулрухсор ва Яхч
Дебочаи Чингиз бувад, то пешгуфтори Расул ,
Сад хурда гирандат касон, аммо нагардӣ ту малул.
Ҳарчанд гуфтӣ: Яхч! Яхч! Сад бор бо сад изтироб,
Яхчат бимонад зери обу ту бароӣ рӯи об...
Хулосаи соли 1989 ва солҳои баъд
Агар танз аст ё ҳаққаст,
беш аз ин намегӯям:
Бинозам соли пурҳарфӣ
ба ҷои соли пурзарфӣ...
Дудмони байналмилалӣ
Падар ба сӯи Машриқ,
Модар ба сӯи Мағриб.
Писар ба сӯи Ҷануб
Духтар ба сӯи Шимол...
Чӣ аз ишқи олӣ монд?
Як дудаи холӣ монд.
Ҳатто намекушояд
Дарашро боре шамол...
- Жанр
- Дигар
Нашрҳо
- 2001Куллиёти ашъорсаҳ. 759
Эзоҳот
- 3