Эй хуфта андар қобҳо дар қолаби одобҳо
Лоиқ Шералӣ
Эй хуфта андар қобҳо дар қолаби одобҳо,
Санге намехезад чаро аз латмаи хезобҳо?
Ту зиндагонӣ хостӣ, ҳам зиндагиро костӣ,
Рафтанд эй бас зиндаҳо дар ҳалқуми мурдобҳо.
- Жанр
- Дигар
Нашрҳо
- 2001Куллиёти ашъорсаҳ. 759
Эзоҳот
- Бо хоҳиши Валӣ Самад андар бузургдошти Лутфулло Бузургзода гуфтаам.
- Чингиз Айтматов.
- Расул Ғамзатов.