Боли шикаста

Лоиқ Шералӣ

Ёри ягонаи ман,

Авҷи таронаи ман,

Шарм аз худо накардӣ,

Бо ман вафо накардӣ.

Тори гусастаи дил,

Боли шикастаи дил,

Шарм аз худо накардӣ,

Бо ман вафо накардӣ.

Рафтӣ, баҳори ман рафт,

Шӯру шарори ман рафт.

Шарм аз худо накардӣ,

Бо ман вафо накардӣ.

Эй ишқи дилпазирам,

Эй ишқи беназирам.

Шарм аз худо накардӣ,

Бо ман вафо накардӣ...

1986

Жанр
Суруд
Сол
1986 (тахминӣ)

Нашрҳо

Монандҳо

Шарҳҳо