Суруди Душанбе

Лоиқ Шералӣ

Дар ту мебинам камоли тоҷиконро,

Рӯзгори безаволи тоҷиконро.

Чашми кулли тоҷикон сӯи ту бошад,

Қиблагоҳи тоҷикон кӯи ту бошад.

Эй Душанбе,

Тахти давлат,

Маҳди ваҳдат,

Шаҳри нусрат,

Ёдгори азму разми тозаи мо!

Шӯҳрати мо, номи мо, овозаи мо!

Аз ту оғозу тамоми вусъати мо,

Достони ақлу фазлу қудрати мо.

Саргузашту ҳасрати тоҷик дар туст,

Сарнавишти миллати тоҷик дар туст!

Эй Душанбе,

Тахти давлат,

Маҳди ваҳдат,

Шаҳри нусрат,

Ёдгори азму разми тозаи мо!

Шӯҳрати мо, номи мо, овозаи мо!

14.02.1998 – Душанбе

Жанр
Суруд
Сол
1998

Нашрҳо

Монандҳо

Шарҳҳо