Дар хеш бимурдаам, магӯ пир шудам
Лоиқ Шералӣ
Дар хеш бимурдаам, магӯ пир шудам,
Дилдорӣ мадеҳ, зи хеш дилгир шудам.
Ҳар рӯзи худо оши худоӣ? Эй халқ,
Аз оши худоӣ, бахудо, сер шудам!
- Жанр
- Рубоӣ
- Сол
- 1997 (тахминӣ)
Нашрҳо
- 1997Фарёди бефарёдрассаҳ. 126
- 2001Куллиёти ашъорсаҳ. 668