Моле, ки ту дорӣ, пеши раҳзан чӣ бувад?
Лоиқ Шералӣ
Моле, ки ту дорӣ, пеши раҳзан чӣ бувад?
Фанне, ки ту дорӣ, пеши пурфан чӣ бувад?
Он ҷой, ки хонаи худоро бизананд,
Дуздидани хонаи тую ман чӣ бувад?
- Жанр
- Рубоӣ
- Сол
- 1997 (тахминӣ)
Нашрҳо
- 1997Фарёди бефарёдрассаҳ. 126
- 2001Куллиёти ашъорсаҳ. 668