Дар лаҳзаи талх ид мебояд кард
Лоиқ Шералӣ
Дар лаҳзаи талх ид мебояд кард,
Шодию фараҳ падид мебояд кард.
Бо бахти сафед то ки ҳамранг шавӣ,
Бас мӯи сияҳ сафед мебояд кард.
- Жанр
- Рубоӣ
- Сол
- 1972 (тахминӣ)
Нашрҳо
- 1972Соҳилҳо · № 167 дар «Куллиёти ашъор»
- 1991Ману дарёсаҳ. 179
- 2001Куллиёти ашъорсаҳ. 659
- 2011Девони замонсаҳ. 275