Ҳар кас, ки наёфт роҳи соҳибназарон
Лоиқ Шералӣ
Ҳар кас, ки наёфт роҳи соҳибназарон,
Бояд биравад ба маҳфили бебасарон.
Ҳар кас, ки забони модариро гум кард,
Бояст, ки гум шавад зи хоки падарон!
- Жанр
- Рубоӣ
- Сол
- 1972 (тахминӣ)
Нашрҳо
- 1972Соҳилҳо · № 163 дар «Куллиёти ашъор»
- 1991Ману дарёсаҳ. 178
- 2001Куллиёти ашъорсаҳ. 659
- 2011Девони замонсаҳ. 275