Кӯрӣ ту ба айби хешу бинои касӣ
Лоиқ Шералӣ
Кӯрӣ ту ба айби хешу бинои касӣ,
Гул баҳри худӣ, барои кас хору хасӣ.
З-одам шудаӣ, валек одам нашавӣ,
З-одам шудаӣ, вале ба одам нарасӣ.
- Жанр
- Рубоӣ
- Сол
- 1972 (тахминӣ)
Нашрҳо
- 1972Соҳилҳо · № 160 дар «Куллиёти ашъор»
- 1991Ману дарёсаҳ. 178
- 2001Куллиёти ашъорсаҳ. 658
- 2011Девони замонсаҳ. 274