Дар дафтари ман хуни дилам хоҳад монд
Лоиқ Шералӣ
Дар дафтари ман хуни дилам хоҳад монд,
Дар хоки Ватан мушти гилам хоҳад монд.
Дар чашми ҳама аҳли назар сурати ман,
Дар чашми ман акси қотилам хоҳад монд.
- Жанр
- Рубоӣ
- Сол
- 1972 (тахминӣ)
Нашрҳо
- 1972Соҳилҳо · № 158 дар «Куллиёти ашъор»
- 1991Ману дарёсаҳ. 178
- 2001Куллиёти ашъорсаҳ. 658
- 2011Девони замонсаҳ. 274