Шӯрида дилам талошгаҳ мехоҳад
Лоиқ Шералӣ
Шӯрида дилам талошгаҳ мехоҳад,
Пои ҳунарам азоби раҳ мехоҳад.
Дастам гули хуршед биҷӯяд аз хок,
Парвонаи ман чароғи Маҳ мехоҳад.
- Жанр
- Рубоӣ
- Сол
- 1972 (тахминӣ)
Нашрҳо
- 1972Соҳилҳо · № 159 дар «Куллиёти ашъор»
- 1991Ману дарёсаҳ. 178
- 2001Куллиёти ашъорсаҳ. 658
- 2011Девони замонсаҳ. 274