Обат бидиҳанд, то ки обат бибаранд
Лоиқ Шералӣ
Обат бидиҳанд, то ки обат бибаранд,
Шабхуш бикунанд, лек хобат бибаранд.
Он қадр гаҳе роҳнамоят бошанд,
То аз сари об бар саробат бибаранд.
- Жанр
- Рубоӣ
- Сол
- 1972 (тахминӣ)
Нашрҳо
- 1972Соҳилҳо · № 156 дар «Куллиёти ашъор»
- 1991Ману дарёсаҳ. 177
- 2001Куллиёти ашъорсаҳ. 658