Дар зиндагӣ сӯхтан – нишони ман буд
Лоиқ Шералӣ
Дар зиндагӣ сӯхтан – нишони ман буд,
Урдугаҳи шоирӣ – ҷаҳони ман буд.
Ҳар чиз, ки ёфтам, рабуданд аз ман,
Ҳар чиз наёфтам, аз они ман буд.
- Жанр
- Рубоӣ
- Сол
- 1972 (тахминӣ)
Нашрҳо
- 1972Соҳилҳо · № 119 дар «Куллиёти ашъор»
- 1991Ману дарёсаҳ. 173
- 2001Куллиёти ашъорсаҳ. 655