Девонаву мастиву хуморӣ, эй дил
Лоиқ Шералӣ
Девонаву мастиву хуморӣ, эй дил,
Осуда маро намегузорӣ, эй дил.
Кӯбӣ дари синаро чу дасти ёре,
Ё соати умри ман шуморӣ, эй дил!?
- Жанр
- Рубоӣ
- Сол
- 1972 (тахминӣ)
Нашрҳо
- 1972Соҳилҳо · № 120 дар «Куллиёти ашъор»
- 1991Ману дарёсаҳ. 173
- 2001Куллиёти ашъорсаҳ. 655
- 2011Девони замонсаҳ. 270