Дил гадои дигареву ман гадои дигаре
Лоиқ Шералӣ
Дил гадои дигареву ман гадои дигаре,
Дил адои дигареву ман адои дигаре.
Байни мову дил ҳамеша ҳарбузарби шавқҳост,
Дил фидои дигареву ман фидои дигаре.
Доғ рӯи доғ бигзорему хоҳем аз табиб
Дил давои дигареву ман давои дигаре.
Гарчи мо ҳаргиз раводори гуноҳе нестем,
Дил равои дигареву ман равои дигаре.
Бехато хоҳем будан, лек содир мекунем
Дил хатои дигареву ман хатои дигаре.
Гарми парвозем, аммо самтҳо аз ҳам ҷудо –
Дил фазои дигареву ман фазои дигаре.
Гарчи яклахтем, якбахт аз куҷоем, эй дареғ,
Дил ба ҷои дигареву ман ба ҷои дигаре...
1986
- Жанр
- Ғазал
- Сол
- 1986 (тахминӣ)
Нашрҳо
- 1991Ману дарёсаҳ. 141
- 2001Куллиёти ашъорсаҳ. 628
- 2009Саду як ғазалсаҳ. 91
- 2011Девони замонсаҳ. 175