Дӯстонро ҳар қадар санҷидаам

Лоиқ Шералӣ

Дӯстонро ҳар қадар санҷидаам,

Он қадар аз зоташон ранҷидаам.

Якҳавоӣ карда аммо дар бадал

Ман аз эшон дуҳавоӣ дидаам.

Ҷон гаравгон дода баҳри бӯсае,

Баъди ҳар як бӯса вобӯсидаам.

Дидаву бишнида талху шӯрашон,

Андаруни хештан шӯридаам.

Порае хас дода, касро мехуранд,

Гарчи ман сад пора дил бахшидаам.

Шармашон бодо, ки ман чун кӯдаке

Аз бузургиҳояшон шармидаам.

1986

Жанр
Ғазал
Сол
1986 (тахминӣ)

Нашрҳо

Монандҳо

Шарҳҳо