Фарёд, авони файзу нурам рафтаст
Лоиқ Шералӣ
Фарёд, авони файзу нурам рафтаст,
Айёми ҷавонию ғурурам рафтаст.
Шуд чоштгаҳу ғуруб дорад дар пай,
Хуршеди сабоҳи носабурам рафтаст.
- Жанр
- Рубоӣ
- Сол
- 1972 (тахминӣ)
Нашрҳо
- 1972Соҳилҳо · № 121 дар «Куллиёти ашъор»
- 1991Ману дарёсаҳ. 173
- 2001Куллиёти ашъорсаҳ. 655
- 2011Девони замонсаҳ. 271