Гиреҳ дар кори ман ҳар гаҳ бияфтад
Лоиқ Шералӣ
Гиреҳ дар кори ман ҳар гаҳ бияфтад,
Бидонам он гиреҳ аз абруи туст.
Туро аз паҳлуи чап офариданд,
Агар ман чап равам, аз паҳлуи туст.
- Жанр
- Дигар
Нашрҳо
- 1997Фарёди бефарёдрассаҳ. 172
- 2001Куллиёти ашъорсаҳ. 753