Ҳар кас, ки буд дар паи озори Ҷӯрабек

Лоиқ Шералӣ

Ҳар кас, ки буд дар паи озори Ҷӯрабек,

Ҳеҷ аст дар баробари осори Ҷӯрабек.

Бар торҳои ҷони мо оҳанг бастааст

Оҳанги ҷони мо бувад аз тори Ҷӯрабек.

Онҳо, ки ёр будаву ноёр гаштаанд,

Донанд ҷуз худо набувад ёри Ҷӯрабек.

Жанр
Дигар

Нашрҳо

Монандҳо

Шарҳҳо