Гӯри ронанда

Лоиқ Шералӣ

Дар камаргоҳи баланди кӯҳҳо,

Дар хами роҳи нишеби партгоҳ

Гӯри як ронандаи берӯзиест,

К-аз фалокат мурда андар нимароҳ.

Чанбари фармон раҳо гашта зи даст,

Марг оварда зи чархи чанбараш.

Чархи мошин рафта аз фармони ӯ

Ҳамчу ҳукми чархи гардон бар сараш.

З-ин шикасти ногаҳон бишкастааст

Чанбари фармон ба сони ними моҳ,

Ними фармон маҳчасон бар гӯри ӯст

Чун нишони ними умру ними роҳ...

1982

Жанр
Шеър
Сол
1982 (тахминӣ)

Нашрҳо

Монандҳо

Шарҳҳо