Оби Севан
Лоиқ Шералӣ
Синаи модар-замин гарчи нахушкидаст чун меҳри Ватан,
Мешавад кам сол то сол оби Севан,
Мешавад кам мисли оби чашми арман.
Кӯли Севан буд лабрез аз сиришки модарон
Дар фироқи кӯдакону хоҳарону додарон.
Кӯли Севан буд пур аз чашмаҳои ашки ёрон
Дар азои он ҳама қурбониён...
Чун дар ӯ
Кам фурӯ резанд акнун чашмаҳои ашкҳо –
Ашки пайвандони аз пайванди ҷони худ ҷудо
Аз ҷафои туркҳо,
Кам шуда чун оҳу шеван.
Кам шуда чун ашки арман
Оби Севан...
1982
- Жанр
- Шеър
- Сол
- 1982 (тахминӣ)
Нашрҳо
- 2001Куллиёти ашъорсаҳ. 227
Эзоҳот
- Фармон – рул.