Ҳар гаҳ, ки бо туям, рӯҳам пур аз сафост

Лоиқ Шералӣ

Ҳар гаҳ, ки бо туям, рӯҳам пур аз сафост,

Ҳар гаҳ, ки бо туям, ҷонам пур аз навост.

Ҳар гаҳ, ки бо туям, гардун чи раҳмдил,

Қисмат чи меҳрубон, толеъ чи босахост.

Ҳар гаҳ, ки бо туям, бахти сафед ҳаст,

Дар зиндагӣ хушо рӯзи саид ҳаст.

Аз атри гесуят ёбам, ки шукри бахт

Аз зиндагӣ ҳанӯз бӯи умед ҳаст.

Ҳар гаҳ, ки бо туям, дунё чи тозарӯст,

Ҳар ҷо, ки бингарам, гӯё нишони туст,

Ҳар гаҳ ки бе туям, гардун чи сангдил,

Қисмат чи беилоҷ, толеъ чи зиштрӯст.

Ҳар гаҳ, ки бе туям, ман бе ҷавониам,

Ҳар гаҳ, ки бо туям, ман бо ҷавониам.

Ҳар гаҳ, ки бе туям, як фарди фониям,

Ҳар гаҳ, ки бо туям, ман ҷовидониям...

1982

Жанр
Шеър
Мавзӯъҳо
Ишқ
Сол
1982 (тахминӣ)

Нашрҳо

Монандҳо

Шарҳҳо