Имоми ду тарафро мекунам табрик
Лоиқ Шералӣ
Имоми ду тарафро мекунам табрик,
Ки тоҷик мешавад наздик бо тоҷик!
Тазод ин ҷо, тазоди вақт ҳам ин ҷост,
Ки бо тоҷик тоҷик мешавад наздик.
Имоми ду тарафро мефишорам даст,
Ки пай бурданд бар ин нуктаи борик,
Ки андар оштӣ оши ҳалоли халқ,
Ки андар оштӣ дарҷ аст рӯзи нек.
Чу донистанд к-андар паҳнаи гетӣ
Кӣ будасту кӣ дод ин ҷангро таҳрик,
Бародарвор роҳи нурро ҷустанд,
Ки фардоро раҳонанд аз шаби торик.
Кунун оғози сулҳ асту рафоҳи халқ,
Бувад ояндаи пурнурамон наздик!
Имоми ду тарафро мекунам табрик,
Ки тоҷик мешавад наздик бо тоҷик!
Тазод ин ҷо, тазоди вақт ҳам ин ҷост,
Ки бо тоҷик тоҷик мешавад наздик.
Имоми ду тарафро мефишорам даст,
Ки пай бурданд бар ин нуктаи борик,
Ки андар оштӣ оши ҳалоли халқ,
Ки андар оштӣ дарҷ аст рӯзи нек.
28.12.1996
- Жанр
- Ғазал
- Сол
- 1996
Нашрҳо
- 1997Фарёди бефарёдрассаҳ. 120
- 2001Куллиёти ашъорсаҳ. 550