Раҳми парвардигори мо омад
Лоиқ Шералӣ
Раҳми парвардигори мо омад,
Нури ҳақ бар диёри мо омад.
Ҷанги бунёдсӯзи мо бигзашт,
Сулҳи бунёдкори мо омад.
Зиндагӣ сахттар зи мурдагӣ буд,
Ҳотифи зиндадори мо омад.
Кӯю барзан пур аз гадоён буд,
Фурсати шоҳкори мо омад.
Пири Канъоно, чашми ту равшан!
Юсуфи дилфигори мо омад.
Мурдаҳо норизо зи мо буданд,
Фотиҳа бар мазори мо омад.
Чор сӯ буд тирборонҳо
Яке тири барори мо омад.
Ахтари наҳс аз сари мо рафт,
Ахтари саъд ёри мо омад.
Аз сари мо хазонфишон бигзашт,
Гулфишони баҳори мо омад.
Кӯҳсоро, бибахш пастии мо,
Нангу ному виқори мо омад.
Ҳоли зору низори мо бигзашт,
Вақти ҷуду нисори мо омад.
Ҷанги девонавори мо бигзашт,
Сулҳи деринтизори мо омад.
7.01.1997 – Душанбе
- Жанр
- Ғазал
- Сол
- 1997
Нашрҳо
- 1997Фарёди бефарёдрассаҳ. 121
- 2001Куллиёти ашъорсаҳ. 516
- 2011Девони замонсаҳ. 249