Имрӯз ба мисли меҳмон зуд бирафт
Лоиқ Шералӣ
Имрӯз ба мисли меҳмон зуд бирафт,
Аз умри абад даре набикшуд, бирафт.
Дар коми уфуқ бирафт хуршед фурӯ,
Ин оташи пуршарор чун дуд бирафт.
- Жанр
- Рубоӣ
- Сол
- 1972 (тахминӣ)
Нашрҳо
- 1972Соҳилҳо · № 84 дар «Куллиёти ашъор»
- 1991Ману дарёсаҳ. 168
- 2001Куллиёти ашъорсаҳ. 652
- 2011Девони замонсаҳ. 267