Варзоб хушу ҳавои Варзоб хуш аст
Лоиқ Шералӣ
Варзоб хушу ҳавои Варзоб хуш аст,
Ҳар дил зи дили дигар хурад об, хуш аст.
Варзоб, ки ҳар гияҳ дар он варзад ишқ,
Бо бодаи нобу ёри ноёб хуш аст.
- Жанр
- Рубоӣ
- Сол
- 1972 (тахминӣ)
Нашрҳо
- 1972Соҳилҳо · № 82 дар «Куллиёти ашъор»
- 1991Ману дарёсаҳ. 168
- 2001Куллиёти ашъорсаҳ. 651
- 2011Девони замонсаҳ. 267