Ишқи синасӯз
Лоиқ Шералӣ
Бе ту набуд ранге
Дар гулшани баҳорам.
Бе ту набуд барге
Дар боғи рӯзгорам.
Хуш омадӣ ба сина,
Эй ишқи синасӯзам.
Сӯзат зиёдатар бод
Эй ишқи дилфурӯзам.
Бе ту надошт шӯре
Дарёи зиндагонӣ.
Бе ту ҷавон набудам
Дар қисмати ҷавонӣ.
Хуш омадӣ ба сина,
Эй ишқи синасӯзам.
Сӯзат зиёдатар бод
Эй ишқи дилфурӯзам.
Бе ту ба ҳар мақоме
Ҳарчанд сохтам ман,
Чун сӯхтӣ диламро,
Дилро шинохтам ман.
Хуш омадӣ ба сина,
Эй ишқи синасӯзам.
Сӯзат зиёдатар бод
Эй ишқи дилфурӯзам.
1984
- Жанр
- Суруд
- Сол
- 1984 (тахминӣ)
Нашрҳо
- 1984Рӯзи сафедсаҳ. 78
- 2001Куллиёти ашъорсаҳ. 438
- 2006Девони дилсаҳ. 315
- 2011Девони замонсаҳ. 58