Ҷавонему хушиҳои ҷавониро намедонем
Лоиқ Шералӣ
Ҷавонему хушиҳои ҷавониро намедонем,
Ба ёди зиндагонӣ зиндагониро намедонем.
Ба сад дил ташнагони меҳрубониву навозишҳо,
Вале худ дилбариву меҳрубониро намедонем.
Ба сад ҷон дар танӯри ишқ хомохом месӯзем,
Лаби дарёи дил оташнишониро намедонем.
Дили мо мешавад саркӯби шавқу шӯри бемаҷро,
Ки пеши пои ҷонон ҷонфишониро намедонем.
Аз он рӯзе бигӯяд тарк ҷони мо тани моро,
Ки қадри хубии ёрони ҷониро намедонем...
1976
- Жанр
- Ғазал
- Сол
- 1976
Нашрҳо
- 1988Офтобборонсаҳ. 119
- 1991Ману дарёсаҳ. 104
- 2001Куллиёти ашъорсаҳ. 595
- 2011Девони замонсаҳ. 93