Сар бибозам ба сарафрохтагон
Лоиқ Шералӣ
Сар бибозам ба сарафрохтагон,
Ошиқам бо дили дилбохтагон;
Ошиқи ҷумлаи оташбозон –
Умрҳо сӯхтаву сохтагон.
Ошиқи он ҳама беханҷару теғ
Хуб шамшери сухан охтагон.
Ошиқи он ҳама андар раҳи умр
Қадри мардонагӣ бишнохтагон.
Ошиқи ҷумла пиёда зи ҳама
Як қадам пештаре тохтагон.
1972
- Жанр
- Ғазал
- Сол
- 1972 (тахминӣ)
Нашрҳо
- 1975Хоки Ватансаҳ. 147
- 1988Офтобборонсаҳ. 121
- 2001Куллиёти ашъорсаҳ. 601