Гурӯҳе на саволу на ҷавобанд
Лоиқ Шералӣ
Гурӯҳе на саволу на ҷавобанд,
Гурӯҳе на вуболу на савобанд.
Ба лофе даркушо ҳастанд, лекин
Калиди хонаи худро наёбанд.
Ба сурат ҷумла ободанду озод,
Ба ботин бингарӣ валлаҳ харобанд.
Ҳино баста ба пою вонамоянд,
Ки гӯӣ беш аз мо дар шитобанд.
Занон яксар ниқоб аз рӯ фиканданд,
Чи номардон, ки дар зери ниқобанд...
1972
- Жанр
- Ғазал
- Сол
- 1972 (тахминӣ)
Нашрҳо
- 1975Хоки Ватансаҳ. 148
- 1991Ману дарёсаҳ. 105
- 2001Куллиёти ашъорсаҳ. 520