Аз он дунё агар Хайём ояд

Лоиқ Шералӣ

Аз он дунё агар Хайём ояд

Ба ин майхонаи кошию гулрез,

Бинӯшад ҷоми моломолу гӯяд:

– Нигаҳ дорад худо аз дарди парҳез.

Бирақседу бибӯседу бинӯшед,

Ки ин ҷо ҷои баҳси мову ман нест.

Шумо шоҳид, ки ҳозир омадам ман,

Дар он дунё буфету ресторан нест...

Жанр
Дигар

Нашрҳо

Монандҳо

Шарҳҳо