Хоҳӣ, ки беғам бигзарӣ, боре маро масрур кун
Лоиқ Шералӣ
Хоҳӣ, ки беғам бигзарӣ, боре маро масрур кун,
Дарё ба туғён меравад, ҷамъу парешон меравад,
Хоҳӣ маро ҷамъ оварӣ, андар ҷаҳон машҳур кун.
Хоҳӣ зи гардун раҳмате, дастобагардан бӯса деҳ,
Хоҳӣ қирони ахтарон, дилро ба дил манзур кун.
Бисёр рӯзони худо, рӯзи ману ту даршумор,
Рӯзе зи рӯзони худо ёд аз мани мағрур кун.
Гар тобиши чашмони ту андар суруди ман кам аст,
Бикшо китоби шеъри ман, ҳар мисраашро кӯр кун.
Гар ошиқи ту нестам, гар лоиқи ту нестам,
"ЕЪА
Ҳангоми сутӯҳ омад, бигзашт сурури ман,
Хам гашт миёни ман, бишкает ғурури ман.
Мемираму хурсандам, к-андар талаби навбат
Сад зинда биёсояд дар сояи гӯри ман.
Пайроҳае бикшодам аз худ ба ҷаҳони ҳусн,
Сад роҳ шавад наздик аз ин раҳи дури ман.
Гар то дили садпора як пораи шеърам рафт
Ин аст давоми ман, дар гӯр зуҳури ман.
Дар шеър чароги дил афрӯхтаам бар халқ,
Дар рӯи ҳама тобад як пораи нури ман.
- Жанр
- Ғазал
Нашрҳо
- 2011Девони замонсаҳ. 98