Кори Шӯро ҳама шӯр аст, худат медонӣ

Лоиқ Шералӣ

Кори Шӯро ҳама шӯр аст, худат медонӣ,

Зиндагӣ зиндабагӯр аст, худат медонӣ.

Хандаи бахт агар хоста бошӣ зи қазо,

Хандаҳои лаби гӯр аст, худат медонӣ.

Ваъдаи ҷону дилат медиҳад арзонӣ, лек

Дилу ҷонат зи ту дур аст, худат медонӣ.

Қадри мардум, асафо, қоимаи мардумӣ нест,

Мардуми дидаи кӯр аст, худат медонӣ!

Шеваи пешраву пешталошиҳояш

Таънаи лавҳи қубур аст, худат медонӣ.

Амр меояду маъмураи тан мекоҳад,

Умр дар чанги убур аст, худат медонӣ.

Халқи Шӯро, ту аз ин шӯрии пешонӣ манол,

Оби дунё ҳама шӯр аст, худат медонӣ!

18.01.1991

Жанр
Ғазал
Сол
1991

Нашрҳо

Монандҳо

Шарҳҳо