Кош дигарбора ошиқ будаме

Лоиқ Шералӣ

Кош дигарбора ошиқ будаме,

Ман ба номи худ мувофиқ будаме.

Қадри ёри хештан донистаме,

То бақои умр содиқ будаме.

Аз итоби ӯ намеранҷидаме,

Меҳрубон, дилсӯз, мушфиқ будаме.

Ишқи ӯро қиблаи дил хондаме,

Кай чу ин дунё мунофиқ будаме.

Бо ҷавонию ҷунуни ошиқӣ

Шӯҳра дар ақсои Машриқ будаме.

Кош бо пирӣ намебархурдаме,

Кош ҳаждаҳсола Лоиқ будаме...

1982

Жанр
Ғазал
Сол
1982 (тахминӣ)

Нашрҳо

Монандҳо

Шарҳҳо