Як ҷом бода додиву сад ҷоми ташнагӣ

Лоиқ Шералӣ

Як ҷом бода додиву сад ҷоми ташнагӣ,

Кардӣ зи нав дарозтар айёми ташнагӣ.

То ташнаи дили туву дилҷӯии туам,

Ёраб, мабод дар дилам анҷоми ташнагӣ!

Пайғоми об ташнаро ҷон медиҳад, вале

Ман ошиқи шунидани пайғоми ташнагӣ.

Гаҳ-гаҳ зи атри гесуят ором деҳ маро,

Аммо мадеҳ ба ҷони ман ороми ташнагӣ.

Бигзор, то ман ошиқам, ин шеъри обдор

Гӯяд салом бар дилат аз номи ташнагӣ!

1986

Жанр
Ғазал
Сол
1986 (тахминӣ)

Нашрҳо

Монандҳо

Шарҳҳо