Медавам дар кӯчаҳои зиндагӣ
Лоиқ Шералӣ
Медавам дар кӯчаҳои зиндагӣ,
Рӯзу шабҳо аз қафои зиндагӣ,
Ҳар чӣ меёбам ба сад ранҷу алам,
Мефишонам пеши пои зиндагӣ.
Мехурам ғамҳои қисматкардааш,
Мекашам дарду балои зиндагӣ.
Офтобам, лек чашмам сӯи хок,
То бияфзояд сафои зиндагӣ.
Осмонам, лек ҳамранги замин,
Баҳри фардои бақои зиндагӣ.
То намирад зиндагӣ рӯзе чу ман,
Як замон мирам барои зиндагӣ!
1979
- Жанр
- Ғазал
- Сол
- 1979 (тахминӣ)
Нашрҳо
- 2001Куллиёти ашъорсаҳ. 631
- 2009Саду як ғазалсаҳ. 96
- 2011Девони замонсаҳ. 116