Маро ҷустӣ, вале пайдо накардӣ
Лоиқ Шералӣ
Маро ҷустӣ, вале пайдо накардӣ,
Ба бозор омадӣ, савдо накардӣ.
Шунидӣ қиссаи ғарқидагонро,
Гузоре бар лаби дарё накардӣ.
Зи гулсозон гули коғаз харидӣ,
Талоши лолаи саҳро накардӣ.
Ғами худ хурдиву дилрезаи худ,
Ғами дилро ғами дунё накардӣ.
Дар имрӯзат ғами фардо наҷустӣ,
Ки имрӯзи маро фардо накардӣ.
Ту ҳам танҳо бимонӣ охири кор,
Ки ёде аз мани танҳо накардӣ.
1979
- Жанр
- Ғазал
- Сол
- 1979 (тахминӣ)
Нашрҳо
- 1991Ману дарёсаҳ. 117
- 2001Куллиёти ашъорсаҳ. 626
- 2009Саду як ғазалсаҳ. 88
- 2011Девони замонсаҳ. 101