Онҳо ки ташнаанд, бари об мераванд

Лоиқ Шералӣ

Онҳо ки ташнаанд, бари об мераванд,

Дилташнагон ба соҳили Варзоб мераванд.

Як зумра аз барои таносоиву тараб,

Як зумра аз барои табутоб мераванд.

Чанде барои ҷустани гумкардаҳои хеш,

Чанде барои нашъаи ноёб мераванд.

Бархе ба ёди манзари шабҳои моҳтоб,

Бархе ба ёди чеҳраи маҳтоб мераванд.

Баъзе ба хоб мераванд андар канори рӯд,

Баъзе канори дилбари бехоб мераванд.

Лабташнагон ба қатраи обе хушанд, лек

Дилташнагони ишқ ба Варзоб мераванд...

1982

Жанр
Ғазал
Сол
1982 (тахминӣ)

Нашрҳо

Монандҳо

Шарҳҳо