Аз он соғар ба каф дорам, ки андар соғарат бинам
Лоиқ Шералӣ
Аз он соғар ба каф дорам, ки андар соғарат бинам,
Ки худро масту азхудрафтаву ошиқтарат бинам.
Ҳама дарҳои оламро бикӯбам мушт дар мастӣ,
Вале охир фитода хешро пеши дарат бинам.
Сари худро гаравгон бидҳам аз баҳри маи боқӣ,
Ки дар поёни мастиҳо варо ёри сарат бинам.
Рақибону бадандешони ман помоли ғам миранд,
Китобамро агар як шаб ба зери бистарат бинам.
Барои ишқи ту аз дигарон бибридаму шодам,
Дилатро меканам аз сина, гар бо дигарат бинам!
Туӣ ҳусни умеди ман, туӣ бахти сафеди ман,
Ба коми хушк мемирам, агар чашми тарат бинам!
Ман аз он ишқ меварзам, ман аз он шеър мегӯям,
Ки худро Лоиқат ёбам, ки худро шоират бинам...
1982
- Жанр
- Ғазал
- Сол
- 1982 (тахминӣ)
Нашрҳо
- 1991Ману дарёсаҳ. 112
- 2001Куллиёти ашъорсаҳ. 584
- 2009Саду як ғазалсаҳ. 69