Миёни мо ҳар он чӣ буд, чашмони ту медонад

Лоиқ Шералӣ

Миёни мо ҳар он чӣ буд, чашмони ту медонад,

Гар оташ буд ё ҳам дуд, чашмони ту медонад.

Дили шаб буду ҷоми бодаву дилҳои мо ташна,

Муҳаббат ҳар чӣ мефармуд, чашмони ту медонад.

Дили ман рӯи дастат метапид аз шодии оғӯш,

Зи ту осуд ё фарсуд, чашмони ту медонад.

Чи хориҳои ашколуд кардам пеши дидорат

Чи зориҳои меҳролуд, чашмони ту медонад.

Ба кӯят як қадам раҳ буд, аммо бо ҳазорон бим

Чи раҳҳое дилам паймуд, чашмони ту медонад.

Ба дидорат агар дер омадам, тақсири тақдир аст

Валекин аз чӣ рафтам зуд, чашмони ту медонад.

1982

Жанр
Ғазал
Сол
1982 (тахминӣ)

Нашрҳо

Монандҳо

Шарҳҳо