Ду чашми шуълавар дорӣ, манам парвонаи чашмат

Лоиқ Шералӣ

Ду чашми шуълавар дорӣ, манам парвонаи чашмат,

Мани бехонаро боре бихон бар хонаи чашмат.

Нигоҳат мебарад чашми маро чун шуълаи хуршед,

Ҳама девонаи рӯят, манам девонаи чашмат.

Ҳама афсонаҳои мардумони даҳрро хондам,

Намеарзанд бар як ҷодуи афсонаи чашмат.

Агарчанде, ки аз ман дурию бегонагӣ хоҳӣ,

Маронам аз дари чашмат, макун бегонаи чашмат,

Бисоти умри ман ғорат шуд, аммо боз мехоҳам

Нигаҳҳои хуморолудаю дуздонаи чашмат...

1982

Жанр
Ғазал
Сол
1982 (тахминӣ)

Нашрҳо

Монандҳо

Шарҳҳо