Паси дунё давидему давидем
Лоиқ Шералӣ
Паси дунё давидему давидем,
Ғами дунё кашидему кашидем.
Ба поёни раҳи сарманзили умр
Ба гӯристон расидему расидем.
- Жанр
- Дубайтӣ
- Сол
- 1982 (тахминӣ)
Нашрҳо
- 1982Хонаи чашм · № 390 дар «Куллиёти ашъор»
- 1988Офтобборонсаҳ. 360
- 1991Ману дарёсаҳ. 232
- 2001Куллиёти ашъорсаҳ. 710
- 2011Девони замонсаҳ. 309