Зи ман бемуддао будию рафтӣ
Лоиқ Шералӣ
Зи ман бемуддао будию рафтӣ,
Забону дил ҷудо будию рафтӣ.
Худо гуфтам, худо гуфтам, ки баргард,
Ту аммо бехудо будию рафтӣ.
- Жанр
- Дубайтӣ
- Сол
- 1982 (тахминӣ)
Нашрҳо
- 1982Хонаи чашм · № 393 дар «Куллиёти ашъор»
- 1988Офтобборонсаҳ. 360
- 1991Ману дарёсаҳ. 233
- 2001Куллиёти ашъорсаҳ. 711