Суруди модар
Лоиқ Шералӣ
Тифли гирёнам, калон шав,
Дар ҷаҳон аз ман нишон шав,
Достон шав!
Достон шав!
Ганҷи шаҳворам ту бошӣ,
Бахти бедорам ту бошӣ,
Дар ҷаҳони номдорон
Номбардорам ту бошӣ.
Тифли гирёнам, калон шав,
Ҷойгири рафтагон шав!
Ахтари тобони модар,
Муҳраи паймони модар,
Ҳосили худкоҳии дил,
Давлату даврони модар –
Тифли гирёнам калон шав,
Вориси озодагон шав!
Кӯдаки ширину лоло,
Кӯдаки маъсуму зебо,
Дастовезам ту бошӣ
Баҳри фардо, баҳри дунё.
Тифли гирёнам, калон шав,
Ифтихори сад ҷаҳон шав,
Достон шав,
Достон шав!
1982
- Жанр
- Суруд
- Мавзӯъҳо
- Модар
- Сол
- 1982 (тахминӣ)
Нашрҳо
- 1991Дасти дуои модарсаҳ. 67
- 2001Модарномасаҳ. 20
- 2001Куллиёти ашъорсаҳ. 73
- 2011Барги сабзсаҳ. 19