Аз силсилаи «Таронаҳо»

Таълимот

Лоиқ Шералӣ

Таббол, бизан, матарс аз суду зиён,

Аз рӯю лаби дӯшизагон бӯса ситон! –

Мазмуни тамоми илму ирфон ин аст,

Мақсуд зи таълими бузургон ин аст.

З-овози нақора шӯр афкан ба ҷаҳон,

Бедор шаванд мардум а хоби гарон

Бебок бирав ба пеши саф таблзанон,–

Маънии ҳама дониши инсон ин аст.

Ин аст муроди таълимоти Гегел,

Ин аст маонии улуми башарӣ.

Фаҳмидаам ин маънӣ, зи баски ҳастам

Табболи далеру аз ҷаҳон бохабаре.

Жанр
Тарҷума

Нашрҳо

Монандҳо

Шарҳҳо